Истеъфои Шайх Аҳмад аз мақоми Президенти Шӯрои олимпии Осиё баъди қарори додгоҳ

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонПрезиденти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ
Президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, Президенти Шӯрои олимпии Осиё - ОСА дар пайи қарори додгоҳи Женева, ки ӯро гунаҳкор хонд, муваққатан аз вазифааш истеъфо додааст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар мавриди истеъфои Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба ноиби фахрии Президенти ОСА Раҷа Рандир Сингҳ хабар додаст.
Ба гуфтаи Сингҳ, пас аз қарори додгоҳи Женева аз рӯзи 10 сентябри соли 2021 Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ муваққатан аз вазифаи президенти ОСА канор рафтааст.
Додгоҳ ӯро дар сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста, ба 13 моҳи ҳабс маҳкумаш кардааст.
Водопад в парке “Наврузгох”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Эълони ғолибони куштии идона дар Душанбе: Тақдими 6 мошин ва ҳазорҳо доллар
"Шайх Аҳмад ва чор нафар ҳамроҳаш, аз ҷумла вакилони дифоъ барои он гунаҳкор дониста мешаванд, ки гӯё наворҳои дурӯғине сохтаанд, то ду масъули давлатии Кувейтро ба табадулоти давлатӣ ва фасод гунаҳкор намоянд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки Шайх Аҳмад ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, аз болои қарори додгоҳ шикоят мекунад ва тариқи додгоҳҳои Швейтсария доғи судияшро пок мекунад.
Дар ҳамин ҳол Раҷа Рандир Сингҳ муваққатан уҳдадориҳои Президенти OCA-ро иҷро хоҳад кард.
Раҷа Сингҳ изҳори итминон кардааст, ки Шайх Аҳмад дар мурофиаҳои додгоҳӣ пирӯз хоҳад шуд ва аз масъулини кумитаҳои миллӣ даъват намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳо бо ӯ ҳамкорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала