Рекорди нархи газ дар Аврупо

© Pixabay / Eduin EscobarГазовая конфорка
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Нархи газ дар бозори Аврупо рекорди навбатӣ гузошта, ба беш аз 730 доллар барои ҳазор метри мукааб расид
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Нархи ҳазор метри мукааб газ дар Аврупо аз ҳадди 730 доллари амрикоӣ боло рафт, бармеояд аз додаҳои бозор.
Нархи фючерси моҳи октябр бо нишондоди ҳолландии TTF дар оғози савдо ҳудуди 713,1 доллар сари ҳар ҳазор метри мукааб буд, ки соати 9:30-и имрӯз (бо вақти Маскав) то 728,2 доллар расид.
Ба навиштаи "РИА Новости", раванди болоравии нархи газ идома ёфта, то 730,1 доллар сари ҳазор метри мукааб расид.
Береговые объекты на территории газораспределительного центра магистрального газопровода Северный поток-2  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Вақти сукути Украина расид. Байден ва Меркел дар бораи "Маҷрои шимолӣ" мувофиқат карданд
Рекорди пешини нархи газ рӯзи ҷумъа, соати 17:40 (бо вақти Маскав) сабт шуд, ки 710 долларро ташкил медод. Ҳанӯз чоршанбеи ҳафтаи гузашта ин нишондод муодили 670 доллар сари ҳазор метри мукааб буд.
Ба гуфтаи коршиносон, афзоиши нархи газ ба камбуди захираи ин намуди маводи сӯхт дар анборҳо вобаста аст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки "Газпром" намехоҳад истихроҷу фурӯши газро дар пасманзари оғози кори лӯлаи гази "Маҷрои шимол - 2" афзоиш диҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала