Сабти бемории сӯхтанӣ дар Қирғизистон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксТашхиси тиббӣ. Акс аз бойгонӣ
Ташхиси тиббӣ. Акс аз бойгонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Дар Қирғизистон чанд нафар, аз ҷумла кӯдакон бо осори бемории сӯхтанӣ бистарӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Оқсойи Қирғизистон бо гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ҳафт нафар бистарӣ шуданд, хабар додаст 24.kg.
Гирифторони ин беморӣ асосан мардонанд, аммо чанд нафар зану кӯдак низ дар миёни онҳо ҳаст.
Манбаъ афзуд, дар беморон осори бемории сӯхтанӣ ошкор шуда, аллакай хулосаҳои ташхиси нафари аввал вуҷуди ин бемориро тасдиқ кардаст.
Қубаничбек Бектурдиев, як корманди Маркази ҷумҳуриявии қарантинии Қирғизистон изҳор дошт, ки феълан шаш нафар дар маркази тадовии умумиӣ қарор доранд. Ӯ афзуд, ки вазъи як нафари онҳо вазнини миёна буда, сиҳҳати нафарони дигар муътадил мебошад.
Маленькая девочка играет на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Дар Тоҷикистон тамоми атфол аз фалаҷ ваксин гирифтанд
Инчунин муқаррар шудааст, ки ҳудуди 35 нафар бо беморон робита доштаанд ва барои пешгирӣ аз бемории сӯхтанӣ барои ҳамаи онҳо истеъмоли доруҳои зидди ин беморӣ тавсия шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳамаи бистаришудаҳо гӯшти гови беморро хӯрдаанд. Дар маҷмӯъ аз ин ғизо ҳудуди 50 нафар истеъмол кардааст.
Феълан маконе, ки гови бемор кушта шуд, бетонпӯш гардида, ин мавзеъ ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала