Сиёсатшиноси тоҷик гуфт, ки "ғояи паштунӣ" Афғонистонро куҷо мебарад

© AP / Emrah GurelАфганские мигранты в Татване, Турция
Афганские мигранты в Татване, Турция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Сиёсатшиноси тоҷик дар бораи оқибатҳои фалокатовари муноқишаҳои қавмӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Абдураҳмон Муҳаммад, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор гуфт, ки мушкилоти мардуми Афғонистон ба масъалаҳои ҳифзи сулҳ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
Вай дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфтааст, ки Афғонистон аз ҷиҳати мавҷудияти муноқишаҳои қабилавӣ ва қавмӣ яке аз 37 кишвари ҷаҳон аст.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Муҳаммад, муноқишаҳо дар Афғонистон тамоюли "печида бо назардошти омилҳои хориҷӣ" доранд.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Муфтии Тоҷикистон: Толибон* чун гузашта хатар доранд
"Афғонистон дорои қавмҳо бо фарҳангҳо, забонҳо ва мазҳабҳои мухталиф аст ва онҳо он қадар фарқ мекунанд, ки мафҳуми "миллати афғон"-ро дар ин кишвар татбиқ кардан ғайримумкин ва то имрӯз дар Афғонистон як миллат ташкил нашудааст", - шарҳ дод, сиёсатшинос.
Вай хотиррасон кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя даҳҳо миллат, аз қабили тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, балуҷҳо, қизилбошҳо, оммақҳо, нуристониҳо, кашмириён, ҳиндуҳо, сикхҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд.
Коршинос таъкид кард, ки Толибон (гурӯҳи террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ ) имрӯз ҷудоихоҳиро эҳё мекунанд ва ғояҳои паштуниро амалӣ мекунанд, ки аз набудани ҳувияти миллӣ ва ифротгароии онҳо шаҳодат медиҳад.
Сабаби асосии бархӯрдҳои зиёд дар Афғонистон рақобат ва низои қабилаҳост ва аз ин рӯ ҳама гуна талошҳо барои нигоҳ доштани қудрат боиси сар задани муноқишаҳои қавмӣ байни сарварони қабилаҳо мешаванд.

"Шуҳратпарастии авлодии паштунҳо дар ниҳоят метавонад ба он оварда расонад, ки кишвар ба қисмҳои хурд тақсим шудаву халқҳои озодидуст пароканда шаванд", - таъкид мекунад сиёсатшинос.

Доктори илми сиёсат ба хулосае омад, ки муноқишаи қавмӣ метавонад боиси фоҷиаи миллӣ гардад ва бераҳмӣ, қонуншиканӣ, куштори хурду калон, занону кӯдакон боиси коҳиши обрӯи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала