Изҳори сипоси Башор Асад аз Русия

© AFP 2021Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Президенти Сурия Башор Асад бо як сафари ғайричашмдошт вориди Маскав шуд ва бо кишвардори Русия Владимир Путин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Башор Асад зимни мулоқот бо Владимир Путин барои ҳифзи қонунҳои байналмилалӣ аз Русия изҳори сипос кард, хабар медиҳад "РИА Новости".
Мулоқоти сарони Сурия ва Русия дар Кремл баргузор гардид.

"Бо истифода аз ин мулоқот мехоҳам миннатдории худро ба Русия ва кулли шаҳрвандони ин кишвар барои ирсоли кумаки башардӯстона ба мардуми Сурия баён кунам... Ба Шумо ва системаи сиёсии Русия, аз ҷумла ба Вазорати умури хориҷии Русия барои талошҳое, ки дар нишастҳои байналмилалӣ барои ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ анҷом дод, сипосгузорӣ мекунам", - изҳор намуд Асад дар мулоқот бо Путин.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Сурия Башор Асад бо як сафари эълоннашуда вориди Маскав шуд.
Ӯ зимни мулоқоти бо ҳамтои руси худ қайд намуд, ки таҳримҳои зидди Сурия зиддиинсонӣ ва ғайриқонунӣ буда, артишҳои Сурия ва Русия дар якҷоягӣ дар мубориза терроризм ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд.
Президент России В.Путин встретился с президентом Сирии Б.Асадом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Дидору мулоқоти ғайричашмдошти Путину Асад дар Маскав
Гуфта мешавад, Путин инчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки бо саъю талошҳои муштарак метавон барои "ба по хестан"-и мардуми Сурия кумак кард.
Бояд қайд кард, ки дар нимсолаи аввал ҳаҷми муомилоти мол байни Федератсияи Русия ва Сурия 3,5 баробар афзоиш ёфта, таҳвили аввалин бастаҳои "Спутник V" ва "Спутник Лайт" ба ин кишвар муваффақ анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала