Блинкен: ИМА нақши Покистон дар ҳаводиси Афғонистонро арзёбӣ хоҳад кард

© AP / Jacquelyn MartinТони Блинкен. Архивное фото
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
ИМА тасмим дорад, нақши Покистон дар авзои Афғонистон дар 20 соли гузаштаро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мақомоти ИМА ният доранд, нақши Покистон дар пуштибонӣ аз "Толибон"* ва рӯйдодҳои Афғонистонро арзёбӣ кунанд.
Ин тасмимро котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен зимни суханронӣ дар бораи вазъи Афғонистон дар Кумитаи корҳои хориҷии палатаи намояндагони Конгресси Амрико дар рӯзи душанбе, 13 сентябр эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ИМА қасд доранд, рӯзҳо ё ҳафтаҳои наздик авзои Афғонистон, ишғоли ин кишвар аз сӯйи "Толибон" (ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ва нақши Покистон дар ҳаводиси ин кишвар дар 20 соли ахирро арзёбӣ кунанд.
Махмуд Ахмадинежад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Аҳмадинажод: ҳаводиси Афғонистон ба зудӣ домангири Покистон хоҳад шуд
Тавре Блинкен қайд кард, Вашингтон инчунин масъалаи нақши Покистон дар ояндаи Афғонистонро низ ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Котиби давлатӣ зимни суханронӣ қайд кард, ки амалҳои Покистон "дар бисёр ҳолатҳо бо манфиатҳои ИМА мухолифанд". Вай инчунин афзуд, ки дар баъзе ҳолатҳо манфиатҳои кишварҳо мувофиқат мекунанд.
Блинкен изҳор дошт, ки ҷониби Амрико бо Покистон дар баъзе аз соҳаҳои марбут ба мубориза бо терроризм ҳамкорӣ мекунад.
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Покистон кумак ба Толибонро* барои ишғоли Панҷшер рад мекунад
"Толибон" (ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) пас аз эълони ИМА дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон амалиёти густурдаеро барои ғасби қудрат дар Афғонистон оғоз кард.
15 август Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва аз ин кишвар фирор кард. "Толибон" (ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.
Кормандони низомии ИМА то авоили моҳи сентябр Афғонистонро комилан тарк карда, ҳузури қариб 20-солаи низомияшонро дар ин кишвар бо натиҷаи сифр хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала