Даргузашти гурзандози шинохтаи шӯравӣ: касе ҳанӯз рекордашро нашикастааст

© Sputnik / Сергей ГунеевСоветский легкоатлет, заслуженный мастер спорта СССР Юрий Георгиевич Седых
Советский легкоатлет, заслуженный мастер спорта СССР Юрий Георгиевич Седых  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Юрий Седих, гурзандози шинохтаи Иттиҳоди шӯравӣ, рекордсмени сатҳи ҷаҳонӣ дар синни 66 даргузашт
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, ки аз ӯ супермени варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ном мебаранд, дар синни 66 дунёро падруд гуфт.
Тибқи иттилои Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук, сабаби даргузашти Седих сактаи қалбӣ мебошад.
Рекорди ҷаҳонии варзишкори шӯравӣ дар гурзандозӣ 86,74 метрро ташкил медиҳад, ки соли 1986 дар Штутгарт гузошта шуда, то ҳанӯз бо гузашти 35 сол касе натавонистааст ба ин фосила гурз партояд.
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
"Ҳамин тавр тавонотаринҳоро аз байн мебаранд": Зебинисо Рустамова аз Назаров ҳимоя кард
Седих барандаи Бозиҳои олимпии 1976 ва 1980 шуда, инчунин медали нуқра дар соли 1988 - ро соҳиб шудааст. Ӯ инчунин як медали тилло ва як нуқра аз қаҳрамониҳои ҷаҳон ва се медали олимпиро аз қаҳрамониҳои Аврупо дошт.
Маълум аст, ки Седих аз аввали соли 1990 бо ҳамсари дуюмаш дар Порис зиндагӣ мекард. Ӯ ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар макотибу коллеҷҳои Фаронса кор мекард.
Духтари Юрий - Алексия Седих қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2010 миёни ҷавонон дар риштаи гурзпартоӣ дар Сингапур мебошад. Ӯ аз номи Фаронса дар мусобиқаҳо иштирок мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала