Ғолибони зӯрозмоии ҷашнӣ дар Душанбе маълум шуданд - видео

Дар Душанбе ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи куштии миллиро, ки бо иштироки намояндагони 13 давлат баргузор шуд, муайян намуданд
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи куштии бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе паҳлавонон аз Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон зӯрозмоӣ карданд.
Кумитаи олимпӣ афзуд, ки зӯрозмоӣ дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65 кило миёни бонувон ҷараён гирифт.
"Ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – автомобил, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид", - омадааст дар иттилоия.
Миёни бонувон ҷойи аввалро Камила Бобурова аз Русия, ҷои дуюмро Шоҳида Қаландарова аз Тоҷикистон, ҷойҳои сеюмро Ҷонона Назарова аз Тоҷикистон ва Жанара Кашкин аз Қазоқистон гирифтанд. Миёни мардон бештари ҷоизаҳоро паҳлавонҳои Тоҷикистон гирифта, як нафарӣ аз паҳлавонҳои Русия ва Ӯзбекистон соҳиби мақом шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала