Ҳушдори дабири кулли СММ аз суқути иқтисоди Афғонистон

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид суқути комили иқтисоди Афғонистонро таҳдиди ҷиддӣ барои ин кишвар хонд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар Конфронси байналмилалии кумак ба Афғонистон, ки рӯзи душанбе, 13 сентябр, дар Женева оғоз шуд, дабири кулли ин созмон Антонио Гутерриш гуфт, ки иқтисоди Афғонистон хароб мешавад.

"Ин як таҳдиди ҷиддӣ аст, имкониятҳои пулӣ хеле маҳдуд аст, дар ҳоле ки пули нақд ҷонбахши иқтисод аст",-илова намуд Гутерриш.

Ҳамзамон дабири кулли СММ афзуд, дар зимни маҳдудиятҳое, ки дар робита ба Афғонистон ҷорӣ карда мешаванд, пешгирӣ аз фурӯпошии системаи иқтисодии кишвар зарур аст.
Дар ин нишаст кишварҳои ҷаҳон ба мардуми Афғонистон беш аз 1 миллиард доллар кумаки башардӯстона ваъда карданд.
Иёлоти Муттаҳида қаблан гуфта буд, ки ба Афғонистон 64 миллион доллар кумаки башардӯстона мерасонад.
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Дабири кулли СММ: фавран бояд ғизо ва дору ба Афғонистон таҳвил дода шавад
Кумакҳои молии Қатар ва Арабистон низ алакай вориди Кобул шудаанд, аммо ба назари коршиносон, мардумро наметавон танҳо бо кумакҳо таъмин кард, зеро зимистони сарду тӯлонӣ дар пеш аст ва бояд ба иқтисоди он кишвар ёрӣ кард.
Дар ҳамин ҳол Амрико ҳисобҳои бонкии ҳукумати қаблии Афғонистонро бастааст, то "Толибон"* аз онҳо истифода накунад.
"Толибон"* бошанд, қаблан барои боз кардани ҳисобҳои бонкӣ ба СММ муроҷиат карда буд, аммо то кунун посухе дарёфт накардааст.
* - Созмони террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала