Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Дар шифохонаи Хуҷанд ҳамагӣ се маризи коронавирус боқӣ мондааст

© Sputnik Инфекционная больница в Худжанде
Инфекционная больница в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Обуна шудан
Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд вазъи коронавирус дар ин вилоятро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ин бемористон ҳоло ягона макон барои табобати гирифторони коронавирус дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби ин бемористон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шумори беморон хеле кам шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир се нафар бистарӣ ҳастанд. Инҳо ду мард ва як зан буда, вазъи саломатиашон муътадил арзёбӣ мешавад. Рӯзҳои наздик онҳо рухсат хоҳанд шуд", - гуфт сартабиб.

Шифохонаи касалиҳои сирояткунанда ва Бемористони клиникии Суғд ду дармонгоҳи асосӣ дар Хуҷанд барои бистарӣ кардани мубталоёни COVID-19 пешбинӣ шуда буданд.
Сокиноне, ки бо оризаҳои шадиди коронавирус ба пизишкон муроҷиат менамоянд, маҳз дар ин ду шифохона бистарӣ мегарданд.
Як ҳафта қабл Бемористони клиникии Суғд аз қарантина ба реҷаи маъмулии кор баргашт. Бино ба иттилои манобеъ аз Раёсати тандурустии Суғд, феълан дар вилояти Суғд 36 нафар аз коронавирус табобат мегиранд. Аз ин теъдод 21 нафар дар шуъбаҳои сироятии бемористонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва 15 нафар дар шароити амбулаторӣ (дар хона) зери муроқибати табибон қарор доранд.
Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Шифо аз мумиё: нафақахӯре аз Хуҷанд алайҳи коронавирус дастгоҳ сохт - аксҳо
Табибон ба таври қобили мулоҳиза поён шудани омори коронавирус дар кишварро ба ваксинзании оммавӣ марбут медонанд.
Гулнора Мирсолиева, мудири шуъбаи омори бахши Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд гуфт, то имрӯз беш аз 31, 5 % ё 544 ҳазору 111 нафар аз коронавирус ваксин гирифтанд, ки аз ин теъдод 306 ҳазору 515 нафар бо вояи дуюм ҳам таъмин гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0