"Коргар даркор, на ҷинояткор": вокуниши роҳбари вилояти Маскав ба куштор дар Сергиев Посад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксГубернатор Московской области Андрей Воробьев
Губернатор Московской области Андрей Воробьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Роҳбари вилояти Маскав аз ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон интиқоди шадид карда, хостори ихроҷи хориҷиёни қонуншикан шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Андрей Воробёв, роҳбари вилояти Маскав, дар ҷаласаи фаврӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати марбут ба куштор дар дар минтақаи Сергиев Посадро баррасӣ кардааст.
Воробёв хотиррасон намудааст, ки теъдоди аз ҳама зиёди муҳоҷирон маҳз дар Маскав ва вилояти Маскав кор мекунанд.
Ӯ изҳор доштааст, ки воқеан барои минтақа қувваи корӣ зарур аст ва бисёри муҳоҷирон ба Русия меоянд, то маблағ кор кунанд, оилаҳояшонро таъмин намоянд.
"Аммо онҳое, ки қонунро вайрон мекунанд, бояд аз ин ҷо хориҷ карда шаванд. Барояшон дар вилояти Маскав ҷой нест", - таъкид намудаст волӣ.
Роҳбари вилоят иттилоъ додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳамаи маконҳое, ки таҷаммӯи муҳоҷирон дида мешавад, мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Дар вилояти Маскав ду муҳоҷири тоҷик ба таҷовуз ва қатли як нафақахӯр муттаҳам мешаванд
Ин таъкиду дастурҳо барои санҷиш дар ҳолест, ки ахиран дар ҷангали минтақаи Сергиев Посад ҷасади зани 67-соларо ёфтаанд. Бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва куштори ин зан ду муҳоҷир аз Тоҷикистон боздошт шудаанд. Феълан назари муттаҳамон ва ё ҷониби ҳимояашон дар бораи иттиҳоми эълоншуда маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала