Латукӯб дар заминаи рашк: Зани 38-солаашро дар ҳамхобагӣ бо ҷияни ноболиғ айбдор кард

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи марди бадрашке дар Исфара хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ алайҳи сокини 38-солаи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара бо иттиҳоми расондани зарари вазнини ҷисмонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
ВУД мегӯяд, муноқиша дар заминаи рашки мард нисбати ҳамсари 38-солааш, ки гӯиё бо ҷияни ноболиғаш муносиботи маҳрамона дорад, рух додааст.
Манбаъ афзуд, муттаҳам 31-уми августи соли равон, тахминан соати 03:00 дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсар аз рӯи ҳиссиёти рашк ҷанҷол карда, ӯро латукӯб кардааст.
Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Аввал кушту баъд ба дор овехт: мард дар пайи рашк ҳамсарашро буғӣ кард
Таъкид шудааст, ки худи ҳамон рӯз, тахминан соати 06:00 марди муттаҳам дар хонаи истиқоматии ҷияни ноболиғаш, ки гӯё бо ҳамсараш муносиботи маҳрамона доштааст, ҳозир шудааст.
Мард писарбачаи 15-соларо бо баҳонаи ҳамроҳ ба саҳро рафтан ба назди дари ҳавлӣ даъват карда, бо мушташ ба пешониаш зада, сипас бо мушту лагад ва як рӯдаи оҳанин ноболиғро зери латукӯб қарор додааст, омадааст дар иттилоияи ВУД,
Ин ниҳод бо такя ба хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои ҷабрдидаро зарари вазнин ба саломатӣ арзёбӣ кардааст.
ВУД илова намуд, ки феълан алайҳи гумонбаршаванда бо моддаи 110 - расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва моддаи 111 -и Кодекси ҷиноӣ - расондани зарари миёна ба саломатӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала