Саева дар қатори Моргенштерн ба сегонаи гаронарзиштарин блогерҳои Русия ворид шуд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксБлогер Дина Саева на премьере фильма в кинотеатре "Октябрь".
Блогер Дина Саева на премьере фильма в кинотеатре Октябрь. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Дина Саева, аз чеҳраҳои шинохтаи "ТикТок" дар Русия ба феҳрасти гаронарзиштарин блогерҳои ин кишвар ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дина Саева, зодаи Тоҷикистон ба сегонаи гаронарзиштарин блогерҳо дар Русия дохил шуд, хабар додаст "РБК Уфа" ба такя ба пажуҳишгарони "Yoloko".
Ширкати "Yoloco" шабакаҳои иҷтимоиро бо кумаки зеҳни сунъӣ таҳлилу пажӯҳиш мекунад.
Бар асоси ин гузориш, репхони маҷароҷӯй аз Уфа, Моргенштерн гаронарзиштарин блогери Руися эътироф шудааст. Теъдоди ҳамвандони ӯ дар "Instagram" баробар ба 7,6 миллион нафар буда, арзиши як матлаби таблиғотӣ дар саҳифааш ҳудуди 2 миллион рубл аст. Ин дар ҳолест, ки маводи таблиғотӣ дар саҳифаи Моргенштерн ҳамагӣ як рӯз боқӣ хоҳад монд.
Дина Саева видео Коснуться смерти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Фавти падар ва кӯдак дар батн: фоҷиаи хонаводаи Дина Саева - видео
Дар мақоми дуюм Александра Митрошина - феминистка, соҳибкор ва сайёҳ бо 2,5 миллион ҳамвандаш қарор гирифт. Арзиши як маводи таблиғотӣ дар саҳифаи Митрошина, бар асоси арзёбиҳои пажуҳишгарон, 1 миллион рублро ташкил медиҳад.
Сегонаи гаронарзиштарин блогерҳои Русия бо Дина Саева ҷамъбаст мешавад, ки феълан ҳудуди 7,5 миллион ҳамванд дошта, маводи таблиғотӣ дар "Instagram"-ро ба ивази 600 ҳазор рубл нашр мекунад.
Ҳамчунин ба панҷгонаи гаронарзиштарин блогерҳо ҳаҷвнигор Михаил Галустян ва модел Анастасия Решетова дохил гардидаанд, ки барои таблиғот дар саҳифаашон 500 ҳазор рубл мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала