Дар вилояти Маскав ду муҳоҷири тоҷик ба таҷовуз ва қатли як нафақахӯр муттаҳам мешаванд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Ҷасади зани 67 - сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд ва дар содир намудани ин ҷиноят ду зодаи Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Дар вилояти Маскав ду муҳоҷири тоҷик дар таҷовуз ва қатли нафақахӯри 67 - сола гумонбар дониста мешаванд.
Кумитаи тафтишотии вилояти Маскав хабар медиҳад, ки ҷасади зани солхӯрда рӯзи 13 сентябр дар як ҷангал, 160 метр дуртар аз боғи "Магистрал - 2", бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Перронный контроль пассажиров поезда Москва-Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Наздики 40 муҳоҷир аз Русия депорт карда шуданд: сабаб
Бар хабари манбаъ, кормандони пулис ду нафареро боздошт намудаанд, ки дар содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Ҳар дуи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке 33 ва дигаре 37 сол дорад.
Гуфта мешавад, каме дуртар аз макони ҳодиса хобгоҳи муҳоҷирон ҷойгир аст. Аммо боздоштшудаҳо на дар ин хобгоҳ, балки дар манзиле иқомат мекарданд, ки он ҷо кор шоғил будаанд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло тафтишот алайҳи ин ҳодиса ҷараён дорад ва қонунӣ будани ҳузури онҳо дар Федератсияи Русия низ мавриди таҳқиқ қарор мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала