Путин ба Тоҷикистон намеояд, қарантин рафт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба далели афзоиши гирифторони коронавирус миёни атрофиёнаш ба қарантин ё худинзивоъ рафтааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Кремл хабар додааст, ки ба далели ошкор шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус миёни атрофиёни раисиҷумҳури Русия ӯро зарур аст, ки низоми худинзивоъро риоя намояд.
Хабар дода шудааст, ки ба ҳамин далел раисиҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ, ки ҳафтаи равон дар Душанбе баргузор мешавад, тариқи онлайн иштирок мекунад.
Қаблан интизор мерафт, Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон боздид кунад ва оғози сафараш ба Душанбе аз 15 сентябр дар назар буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нашри барномаи сафари Путин гуфт, сарони давлатҳо "як ба як" ва ҳамчунин дар ҳузури ҳайати васеъ гуфтушунид хоҳанд кард.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Дидори Мирзиёев бо Раҳмону Путин ва Имрон Хон дар Душанбе
Интизор мерафт, сарони Тоҷикистон ва Русия дар маросими гузоштани санги асоси панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконфронс ширкат намоянд. Инчунин имзои зиёда аз бист санади нав дар назар буд.
Таври маълум, 16 - 17 сентябр дар Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар назар аст.
Феълан СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, интизор меравад, ки имсол барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар ин нишаст тасмимгирӣ шавад.
ВУХ-и Тоҷикистон гуфта буд, ки дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Белорус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0