Шабҳои сарди Бадахшону гармиҳои Душанбе - пешгӯии дақиқи обуҳавошиносон барои 14 сентябр

© Sputnik / Амир ИсаевЖенщина на прогулке с ребенком
Женщина на прогулке с ребенком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон назар ба рӯзҳои қаблӣ ҳамарӯза поин меравад ва сардиҳо аз шарқи Бадахшон оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13-15 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала