Тақозои тӯфонӣ: ИМА нафти Русияро мехарад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксРабота нефтяных станков - качалок
Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
“Блумберг” менависад, ки мақомоти полоишгоҳҳои амрикоӣ дар ҷустуҷӯи ашёи хоми муносиб барои қонеъ кардани талабот ба сӯзишворӣ дар ҷаҳонанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik, Наталя Дембинская. Бар асари тӯфони “Ида” корхонаҳои коркарди нафти Амрико баста шуданд. Камбуди сӯзишворӣ ба назар мерасад. Вазорати энергетикаи ин кишвар барои кумак ба тавлидкунандагон аз захираҳои худ кор гирифтааст, аммо ин захираҳо маҳдуданд. Корхонаҳои коркарди нафти сангини воқеъ дар соҳили Мексика ба ҷуз аз гирифтани ин навъи нафт аз Русия дигар ҷое надоранд. Иёлоти Муттаҳида воридоти худро аллакай ба таври рекордӣ афзоиш додааст ва ният дорад, ки боз ҳам бештар харидорӣ намояд.

Иштиҳо боз шуд

“Блумберг” менависад, ки мақомоти полоишгоҳҳои амрикоӣ дар ҷустуҷӯи ашёи хоми муносиб барои қонеъ кардани талабот ба сӯзишворӣ дар ҷаҳонанд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика (EIA), воридоти нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар моҳи май (маълумоти охирин) якбора 23 фоиз афзуда, 844 ҳазор баррел дар як рӯзро ташкил додааст. Масалан, метавон инро аз ворид кардани нафт аз Мексика муқоиса кард: он ҷо танҳо бар се нуқта афзуда шудааст.
Соли гузашта воридоти Русия ба ҳадди нуҳсола расид. Русия бо наздик шудан ба Арабистони Саудӣ дар ҷиҳати содироти нафт, ки ин кишвар содиротро ба хотири барқарор кардани тавозун дар бозор якбора тавлиди нафтро коҳиш дода буд, Русия дуввумин бузургтарин таъминкунандаи ИМА шуд.
Насос на нефтедобывающей станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Таҳдиди Қазоқистон ба Аврупо: содироти нафтро қатъ мекунем
Гап сари он аст, ки корхонаҳои амрикоӣ аз дастрасӣ ба маводи хоми Венесуэла маҳрум шуданд. Ин аз хидматҳои Доналд Трамп аст, ки дар соли 2019 “Petroleos de Venezuela S. A.”-ро таҳрим кард.
Корхонаҳои Халиҷи Мексика ва соҳили шарқӣ, аз ҷумла “Citgo Petroleum”, “Valero Energy”, “Chevron” ба вазъи душвортар печидаанд. Ин коргоҳҳо барои коркарди навъҳои сангини нафт пешбинӣ шудаанд. Ин корхонаҳо асосан аз Русия нафти сиёҳ (мазут) мехаранд, ки барои тавлиди бензин зарур аст.
"Бо маҳрум шудан аз маводи хоми Венесуэла ва рӯ ба рӯ шудан бо болоравии қимати нафти ОПЕК Иёлоти Муттаҳида ба масрафкунандаи аслии нафти сиёҳи Русия табдил шуд", - гуфт пажуҳишгари Муассисаи таҳқиқоти энержии “Оксфорд” Ади Имсирович.
"Русия шарикест дорои мазоё, зеро он бисёр равғанҳои ниматасфияшудае ба мисли “Мазут 100” истеҳсол мекунад. Ин барои корхонаҳои амрикоӣ дар нисбати равғани ғафс ва ифлосе, ки Венесуэла ва Ховари Миёна оварда мешавад, беҳтарин навъ аст. Амрико аз аввалӣ дар пайи таҳримҳо маҳрум шуд, аз дуввумӣ бинобар тавофуқоти ОПЕК", - тасреҳ мекунад “Bloomberg”.
Тӯфони “Ида”, ки дар охири моҳи август ба соҳили Халиҷи Мексика расид, вазъро якбора печида кард. Гарчанде ки EIA интизори барқарории тавлид (то 1,2 миллион баррел дар як рӯз) дар моҳи сентябрро дошт, аммо зерсохтор хароб шудааст. Дар маҷмуъ 20,6 миллион баррел аз бозори Амрико нопадид шуд.

Анборҳоро боз карданд

Бо барқарор шудани нерӯи барқ ​​дар Луизиана ва шуруи дубораи коркарди нафт ба нафти бештар ниёз хоҳад дошт.
Дар ин бора “Exxon Mobil” аллакай хабар додааст. Ин ширкат маҷбур шуд, корхонаҳои Луизианаро таътил кунад. Вазорати энергетика нафтро аз ҳисоби захоири стратегияш таъмин мекард. Дар ду-се моҳ “Exxon” бояд ҷойи захираҳоро пур кунад.
Бо вуҷуди ин захираҳо маҳдуданд. Ин маънои онро дорад, ки бояд воридот бештар карда шавад. Тавре нашрияҳои амрикоӣ навиштаанд, агар касе аз оқибатҳои тӯфони “Ида” баҳра бурда тавонад, он ҳам тавлидкунандагони Русия хоҳанд буд.
Американский нефтяник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Нафт ба таҳрим рабт надорад: хариди рекордии нафти Русия аз ҷониби Амрико
"Дар моҳҳои сентябр-октябр қимати арза афзоиш хоҳад ёфт, зеро тавлид дар ИМА, дар Халиҷи Мексика то ҳол аз сар гирифта нашудааст",- гуфт “Bloomberg”. Ин ожонсӣ навиштааст, дар тӯли чанд рӯз аллакай дар се баст ашёи хоми Русия харидорӣ шудааст.
Талабот нархҳоро боло мебарад. Рӯзи 8-уми сентябр нархи “Urals” ба ҳадди ҳафтмоҳа расид ва аз “Brent” 1,05 доллар боло рафт. Пеш аз тӯфони “Ида” ба Иёлоти Муттаҳида “Urals” бо тахфифи 1,95-долларӣ нисбат ба Brent ба фурӯш гузошта мешуд.
Қабл аз оғози ҷараёни “Nord Stream 2”, таниши миёни Вашингтон ва Маскав афзоиш меёбад. Бо вуҷуди ин бозор қоидаҳои худро муқаррар мекунад ва тавлидкунандагони амрикоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҳадафҳои дипломатӣ ё геополитикии Кохи Сафед вобаста нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала