Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ташхиси Путин аз коронавирус маълум шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксXX съезд политической партии "Единая Россия"
XX съезд политической партии Единая Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, Владимир Путин аз ташхиси коронавирус гузашт ва натиҷаи он ҳам маълум шуд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин пас аз тамос бо нафароне, ки гирифтори коронавирус буданд, фавран аз ташхис гузашт, гуфтааст сухангӯи ӯ Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ташхиси Путин манфӣ баромад.

" Ӯ куллан сиҳҳату саломат аст", - таъкид намуд намояндаи Кремл.

Песков зикр намуд, ки миёни атрофиёни Путин чанд нафар гирифтори коронавирус шуданд, вале ӯ дақиқан нагуфт, ки онҳо ваксин гирифта буданд ё на.
Илова бар ин маълум нест, ки ин маризон хешовандон, муҳофизони раисҷумҳур буданд ё кормандони хадамоти протоколӣ.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Путин дар тамоси телефонӣ бо Раҳмон сабаби Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод
"Духтурон кори худро иҷро мекунанд. Ин як амали муқаррарӣ аст, зеро вақте ки шахс бо беморон дар тамос мешавад, вай бояд чанд рӯз ҳатман дар инзивоъ бимонад", - шарҳ додааст Песков.
Ҳамин тариқ Владимир Путин то як муддат аз вохӯрию нишастҳои рӯ ба рӯ худдорӣ мекунад. Дар нишастҳои СҲШ ва СААД, ки ин ҳафта дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, кишвардори Русия аз тариқи онлайн иштирок мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала