Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Тоҷикистон нияти ҷалби нерӯҳои СААД ба марз бо Афғонистонро надорад

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи акс Военнослужащий на учениях ВС России и Белоруссии "Запад-2021" на полигоне "Правдинский" в Калининградской области
 Военнослужащий на учениях ВС России и Белоруссии Запад-2021 на полигоне Правдинский в Калининградской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, зарурати ҷалби нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба марзи кишварро намебинанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тоҷикистон нақшаи ҷалби нерӯҳои СААД ба ҳифзи сарҳад бо Афғонистонро надорад, иттилоъ дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ - и Вазорати умури хориҷӣ ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллӣ дар умури СҲШ.
"Ҷалби нерӯҳои кишварҳои узви СААД барои мудофиа ё таъмини амнияти навоҳии наздисарҳадӣ бо Афғонистон феълан дар дастури кор нест", - изҳор доштааст Саидмуродзода дар суҳбат бо ТАСС.
Намояндагони СААД борҳо таъкид карданд, ки дар сурати зарурат нерӯҳои ин созмон омодаанд, фавран ба кумаки Тоҷикистон фиристода шаванд. Ин таъкидҳо дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон борҳо аз сӯи масъулини СААД садо доданд.
СҲШ ва СААД дар Душанбе: кадом кӯчаҳо баста мешаванд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
СҲШ ва СААД дар Душанбе: Кадом роҳҳо баста мешаванд?
Инчунин интизор меравад, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳо дар Душанбе санади ҳамкорӣ барои мусаллаҳсозии нерӯҳои муштараки СААД бо муосиртарин лавозимоти ҷангӣ имзо гардад.
Мақомдорони СААД инчунин чандин размоиши муштарак дар наздикии марз бо Афғонистонро гузаронда, бархе дигарро дар нақша доранд, ки ба бартарафсозии хатарҳои бархоста аз Афғонистон равона шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала