"Толибон"* ба Шавкат Мирзиёев барои ирсоли кумаки башардӯстона сипос гуфтанд

© Пресс-служба МИД Узбекистана Узбекистан передал Афганистану 1300 тонн гуманитарных грузов
 Узбекистан передал Афганистану 1300 тонн гуманитарных грузов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Кумаки ирсолнамудаи Ӯзбекистонро намояндагони Толибон* дар Мазори Шариф қабул намуданд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ӯзбекистон ба Толибон* кумаки башардӯстона фиристод ва рӯзи 14 сентябр намояндагони ин ҳаракат онро аз масъулини Ӯзбекистон дар шаҳри Мазори Шариф дастрас намуданд.
Бар хабари Sputnik Ӯзбекистон ин кумак аз ғизо, дору ва либос иборат буда, он бояд миёни сокинони нодор тақсим карда шавад.
 Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Путин ва Мирзиёев вазъияти Афғонистонро баррасӣ карданд
Зимнан, муовини вазири фарҳанг ва иттилоот дар робита ба кумакҳои ирсолнамудаи Ӯзбекистон аз номи ҳукумати муваққатӣ ба Шавкат Мирзиёев ва шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ барои таваҷҷӯҳ, дастгирӣ ва ҳамбастагӣ дар чунин давраи ҳасос изҳори миннатдорӣ намудааст.
Зикр мегардад, ки кумакҳои башардӯстона аз Ӯзбекистон тавассути роҳи оҳани Хайратон- Мазори Шариф интиқол дода шуда, онро намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев ба масъулини муваққати ин кишвар супурдааст.
* ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала