Афзоиши гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия

© AP / Elaine ThompsonГрузовики перевозят грузовые контейнеры, архивное фото
Грузовики перевозят грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Дар соли 2021 гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон ба 640 миллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Русия, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, ҳаҷми табодули молу коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли равон афзоиш ёфта, ба 640 миллион доллар расидааст.
"Дар тӯли 7 моҳи соли равон тиҷорати дуҷониба миёни ду кишвар ба 640 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 миллион доллар зиёдтар будааст", - гуфт Абдураҳмонзода.
Муовини вазир ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти сармоягузории миёни Тоҷикистону Русияро як бахши муҳим донист.
Работа контейнерного терминала Калининградского морского торгового порта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2019
Додугирифт миёни Русияву Тоҷикистон наздик ба як миллиард доллар расид
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки аз соли 2007 инҷониб ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан ба 1,6 миллиард доллар расидааст.

"Дар соли 2020 ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 14 миллион долларро ташкил дод, ки ба сатҳи мавҷудаи ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯҳияи муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар мувофиқат намекунад", - гуфт муовини вазир.

Абдураҳмонзода афзуд, ки айни замон Русия миёни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад.
Ба гуфтаи муовини вазир, Тоҷикистон фанновариҳои муоссирро дар соҳаҳои энергетика ва металлургия ворид мекунад, ки дар он Русия таҷрибаи ғанӣ дорад.
Спикер верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2020
Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд
Абдураҳмонзода пешниҳод кард, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ин бор дар мавзӯи "Дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шароити нав" баргузор шуд.
Дар он роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Русия, намояндагони вазоратҳои иқтисодии ҳар ду кишвар, утоқҳои тиҷоратию саноатии минтақаии Русия ва ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистон ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала