Бозори арз: Қимати рублу евро афзоиш ва аз доллар коҳиш ёфт

Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ каме поин, аммо арзиши рублу евро дар бозори арз нисбат ба сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари ба арзи хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ баробар ба 0,1550 сомонӣ мебошад. Дирӯз 1 рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон 0,1545 сомонӣ арзиш дошт.
Арзиши як доллар бошад, каме коҳиш ёфта, тақрибан ба 11.3190 сомонӣ баробар шудааст, дар ҳоле ки рӯзи гузашта арзиши 1 доллар 11.3200 сомонӣ буд.
Ҳамзамон, тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ низ боло рафтааст. Дар бозори арзи кишвар як евро 13. 3892 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки рӯзи гузашта арзиши як евро ба 13.3542 баробар буд.
Эксперт РИСИ Иван Баженов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2020
Баженов: дурнамои рубли русӣ дар бозори ИДМ равшан аст
Ҳамин тавр қурби миёнаи асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3190 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3892 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1550 то 0.1570 сомонӣ
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки додуситади арзии берун аз бахшҳо, идороти марказҳои бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала