Имзои Созишномаи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои компютерӣ миёни Бонки миллӣ ва Бонки марказии Русия

© Национальный банк ТаджикистанаНБТ И Центробанк РФ подписали соглашения
НБТ И Центробанк РФ подписали соглашения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Русия дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ созишномаи нави ба имзо карданд
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ ва Руслан Вестеровский, муовини раиси Бонки марказии Русия Созишномаи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷиҳати муқовимат ба ҳамлаҳои компютериро имзо намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки маросими имзои созишнома аз тариқи усули фосилаӣ баргузор шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни имзои созишнома қайд кардааст, ки Русия яке аз шарикони аслии Тоҷикистон дар бахши тиҷорат, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ ба шумор меравад.
“Имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ барои ҳимояи низоми бонкии ҳар ду кишвар аз хатарҳои иттилоотӣ буда, барои ташкили ҳамкории самаранок дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад”-гуфт Ҳоким Холиқзода.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Муовини раиси Бонки марказии Русия низ гуфтааст, ки имрӯз ин ду бонк дар аксари бахшҳо ҳамкории хубро ба роҳ мондаанд ва ҳамгироии низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир”- яке аз намунаи ин ҳамкориҳост.

“Таҳия ва имзои созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ ба манфиати низоми бонкии ҳар ду кишвар буда, иқдоми саривақтӣ мебошад”,- зикр кардааст Руслан Вестеровский.

Манбаъ таъкид кардааст, ки тақвияти амнияти иттилоотӣ, таҳияи стратегияи мушаххассозии омилҳои ҳамлаҳои компютерӣ, муқовимат бо ҳамлаҳои компютерӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ба низомӣ бонкӣ аз муҳимтарин вазифаҳои бонкҳои марказии муосир ба ҳисоб меравад, ки Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Русия ва БМТ дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ фаро гирифтааст.
“Имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ дар оянда дар ҷиҳати табдили маълумот ва табодули таҷриба дар мавзуи пешгирӣ ва муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ байни ду кишвар шароити мусоид фароҳам хоҳад овард”, - қайд кардааст масъули Бонки миллӣ.
Лентаи хабарҳо
0