ИА барои паноҳандаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон 160 ҳазор евра ихтисос медиҳад

© REUTERS \ Saeed Ali AchakzaiЛюди на пропускном пункте «Ворота дружбы» в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан
Люди на пропускном пункте «Ворота дружбы» в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Ин маблағ барои хариди маводи ниёзи аввали паноҳандаҳои афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, масраф хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои афғонистониҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ овадаанд, 160 ҳазор евра кумаки пулӣ ихтисос диҳад. Ин хабарро намояндагии ИА дар Тоҷикистон нашр намудааст.
Ба гузориши намояндагии ИА дар Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои кумак ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вокуниш ба афзоиши хушунат дар Афғонистон, таҳрики мавҷи нави паноҳандагони афғонистонӣ ихтисос ёфтааст.
Гуфта мешавад, ин маблағ дар харидории маводи ниёзи аввал, аз ҷумлаи маводи ғизоӣ ва хаймаву дигар ашёи мавриди ниёзи паноҳандагон масраф мешавад.
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Манбаъ: Солеҳ ба Тоҷикистон омад ва фишорҳои “Толибон”* бар Панҷшер коҳиш ёфт
Тибқи маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, феълан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон дастикам 5 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳ овардааст. Ин теъдод аз паноҳандагон давоми ҳамагӣ чанд ҳафтаи ахир аз тарси "Толибон"* ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар ҳамин ҳол ИА ҳушдор медиҳад, ки то авохири соли ҷорӣ теъдоди паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон то 50 ҳазор нафар хоҳад расид.
* созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
Лентаи хабарҳо
0