Лавров: Ғанӣ даъватнома ба Душанберо гирифт, аммо вазъ тағйир ёфт

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Агар қудрат тағйир намеёфт, раисҷумҳури собиқи Афғонистон метавонист дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе иштирок кунад,
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон даъватнома ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ - ро гирифта буд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҷамъи хабарнигорон.
Лавров зикр кард, ки Афғонистон мақоми нозир дар СҲШ-ро дорад. Намояндагони кишварҳои нозир, ба гуфтаи ӯ, дар ҳар ҷаласаи созмон иштирок мекунанд.
Даъватнома ба чорабиниро собиқ раисҷумҳури Афғонистон низ гирифта буд. "Аммо раисиҷумҳур Ғанӣ аз кишвар фирор карду ин амалашро ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ гуфт, ки вазъ тағйир ёфт" - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия мекунад
Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе 16 - 17 сентябр баргузор мешавад. Яке аз масоили меҳварии ин мулоқот масоили Афғонистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол мақомдорони кишварҳои узви СААД созиш кардаанд, ки чораҳои муштарак барои бартарафсозии таҳдидҳо аз Афғонистонро такмил медиҳанд.
Станислав Зас, дабири кулли СААД мегӯяд, дар сурати ташдиди вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон барои кишвар тамоми кумакҳо, аз низомӣ то дипломатӣ ироа хоҳад шуд.
Созмони террористии "Толибон"* 15 август вориди Кобул шуда, аввали моҳи сентябр эълон кард, ки Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути ҷангиёнро низ зери итоати худ даровардааст. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, таслими "Толибон"* нашуда, мубориза барои озодию адолат дар ин кишварро идома хоҳад дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала