Мулоқоти Лукашенко бо Раҳмон дар Душанбе: Ду роҳбар чиро баррасӣ карданд?

© Пресс-служба Президента Республики БеларусьПрезидент Беларуси Александр Лукашенко 15 сентября прилетел с рабочим визитом в Таджикистан
Президент Беларуси Александр Лукашенко 15 сентября прилетел с рабочим визитом в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи низомию сиёсии минтақаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории БЕЛТА, ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Душанбе раисҷумури Белорус Александр Лукашенко бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, мулоқоти сарони ду кишвар чанде пас аз вуруди Александр Лукашенко ба шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Зимни мулоқот сарони ду кишвар масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи низомию сиёсии минтақа ва баргузории нишастҳои СААД ва СҲШ-ро, ки дар рӯзҳои наздик дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, баррасӣ карданд.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Раҳмон ва Тоқаев вазъи сиёсию низомии Афғонистонро баррасӣ карданд
Ёдрас менамоем, ки дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 15-17 сентябр ҷаласаи Шӯрои аҳдномаи амнияти СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро баргузор мешавад.
Манбаъ таъкид қайд кардааст, ки раисҷумҳури Беларус дар ин сафараш ҳамчунин бо роҳбарони дигар давлатҳо мулоқотҳои дуҷониба дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала