Лукашенкоро дар фурудгоҳи Душанбе Расулзода пешвоз гирифт

© POOL / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Александр Лукашенкоро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Хабаргузории Ховар менависад, ки кишвардори Белорус ва ҳайати ин кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳадафи асосии сафари роҳбари Белорус ба Тоҷикистон иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мебошад. Ин иҷлосия рӯзи 16 сентябр, таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Рабочая поездка министра обороны РФ С. Шойгу в войска ЦВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Шойгу вориди Тоҷикистон шуд
Манбаъ меафзояд, рӯзи 17 сентябр Александр Лукашенко дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон бахшида шудааст, ҳамчун роҳбари давлати нозир иштирок менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар нишасти сарони давлатҳои узви СААД кишвардори Русия Владимир Путин иштирок намекунад. Сафари Путин ба далели тамос доштани ӯ бо афроди гирифтори коронавирус лағв шуд. Феълан раисиҷумҳури Русия ба қарантин фаро гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0