Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Маргу сирояти нав нест: Вазорати тандурустӣ аз шифо ёфтани беморони коронавирус хабар дод

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинские работники в инфекционной больнице
Медицинские работники в инфекционной больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Дар Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, давоми 24 соати гузашта ягон нафар ба коронавирус гирифтор нашудааст. Хушбахтона, ба иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи гузашта касе аз ин беморон вафт накардаст
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирус дар 24 соати гузаштаро нашр намуд.
Бинобар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи ахир ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории COVID - 19 сабт нашудааст.
Илова бар ин давоми ин муддат ягон кас ҳам аз ин беморӣ нафавтидааст.
Вазорат гузориш додааст, ки дар шабонарӯзи гузашта се нафар аз гирифторони коронавирус комилан шифо ёфтанд.
Инфекционная больница в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар шифохонаи Хуҷанд ҳамагӣ се маризи коронавирус боқӣ мондааст
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, аз аввали сабти ин беморӣ то рӯзи 14 сентябр дар кишвар, дар маҷмӯъ, 17 084 нафар гирифтори коронавирус шудааст, ки аз ин теъдод то ҳол 16 956 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронавирус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала