Кушта шудани ду нафар дар пайи бархӯрди 10 мошин дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - видео

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Теъдоди қурбониёни садамаи маргбор дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба ду нафар расид
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Нахустин навор аз садамаи маргбори дастикам 10 мошин дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Дар навор маълум аст, ки теъдоди зиёди мошинҳо ба ҳам бархӯрдаанд ва мардуми бисёр дар ҷойи ҳодиса ҷамъ омадаанд.
Ин садама бегоҳи рӯзи 14 сентябр дар 65 километри шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб садама ба қайд гирифта шуд.
Аз КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки мошини боркаши тамғаи Дулан Хова, ки онро як сокини вилояти Хатлон идора мекард, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад, ки дар натиҷа бархӯрд бо 10 мошин ба амал омад.
Дорога в скалистой местности Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Садама дар Рӯшон боиси фавти ронанда ва се мусофир шуд
Манбаъ афзуд, ки бар асари бархӯрд як автомашинаи Тойота ба чуқурии 200-метра сарозер шуд, ки дар натиҷа як мусофири 50 - сола, сокини вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт ва панҷ мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол ёфтанд.
Бар хабари дарёфтӣ, як мусофири дигар рӯзи 15 сентябр дар бемористон ба ҳалокат расид.
КҲФ қайд намуд, ки феълан роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала