Оқибати сангини сангзании ноболиғ дар ноҳияи Рӯдакӣ

CC0 / Pxhere / Одинокий ребенок на улице, архивное фото
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сангзанӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷароҳати сангини кӯдаки 10-сола анҷомидааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Мақомоти милиса бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ як навраси 17-соларо боздошт кардаанд.
Ба иттилои ВУД, сокини 17-солаи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
"Номбурда 7-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 дар назди ҳавлии зисташон бо ноболиғи 10-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, бо санг як маротиба ба сари ӯ задаст", - омадааст дар иттилоия.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Ҳалокати ду пиёдагарди ноболиғ дар садамаҳои нақлиётӣ
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа ноболиғи 10-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Дар Тоҷикистон барои пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар Вазорати умури дохилӣ раёсати махсусе фаъолият мекунад.
Ба иттилои ВУД-и Тоҷикистон, тайи нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 390 ҷинояте сабт шудааст, ки омилони онҳо ноболиғ будаанд. Ин ниҳод афзуд, дар ин давра 446 ҷиноят нисбати ноболиғон содир шудааст, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 2,2% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала