Путин ба Раисӣ занг заду сабаби лағви сафараш ба Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора
Президент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳурҳои Эрону Русия изҳори умедворӣ карданд, ки дар ояндаи наздик дидору мулоқот хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст, ки ахиран Владимир Путин, роҳбари Русия ба Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ занг зад ва гуфт, ки бинобар эҳтимоли бемории корона дар қарантин қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Раисҷумҳури Русия бо ишора ба ҳамкориҳои Маскаву Теҳрон дар мубориза бо корона ва инчунин истеҳсоли муштараки ваксинаи “Спутник V” бар идомаи ин ҳамкориҳо таъкид кард.
Раисҷумҳури Эрон дар ин тамоси телефонӣ ба Владимир Путин гуфтааст, ки кишвараш дар пайи рушд ва амиқсозии ҳамкории ду кишвар дар ҳама ҷиҳат аст.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
"Рӯзи дароз бо бемори COVID-19 будам": Путин дар бораи лағви сафару санҷиши воксин - видео
Раисӣ ҳамчунин ба зарурати идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар мубориза бо корона, аз ҷумла дар соҳаи тавлиди муштараки ваксинаҳо таъкид кардааст.

“Ин ҳамкорӣ бояд то пурра решакан шудани ин бемории сартосарӣ бо шиддат идома ёбад”, - илова кардааст Раисӣ.

Ёдрас мекунем, қаблан хабар дода шуда буд, ки раисҷумҳурҳои Эрону Русия қарор аст, дар шуҳри Душанбе ва дар ҳошияи иҷлоси Шонгҳой дидору гуфтугӯ кунанд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Путин дар тамоси телефонӣ бо Раҳмон сабаби Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод
Сарони 12 кишвари минтақа, аз ҷумла ҳуҷҷат-ул-ислом-ва-ал-муслимин Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар иҷлоси Шонгҳой дар 16 ва 17 сентябр (25 ва 26 шаҳривар) ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунанд. Ба назари таҳлилгарон, буҳрони Афғонистон яке аз мавзӯоти аслии ин иҷлос хоҳад буд.
Шаҳри Душанбе ин рӯзҳо худро барои ду нишасти муҳими минтақаӣ, шомили Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар охири ин ҳафта омода кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз имзои 20 санади ҷадид дар сафари Путин ба ин кишвар хабар доданд, аммо ҷузъиёти тавофуқҳо ба таври расмӣ эълом нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0