Раҳмон бо Лавров, Шойгу ва Козак вазъи Афғонистону ҳимояи марзро баррасӣ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял Министра иностранных дел Сергея Лаврова, Министра обороны Сергея Шойгу и Дмитрия Козака
Эмомали Рахмон принял Министра иностранных дел Сергея Лаврова, Министра обороны Сергея Шойгу и Дмитрия Козака  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳайати воломақоми Русияро, ки феълан дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони Русия вазъи Афғонистон ва масъалаи ҳамкории низомиро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки 15 сентябр дар Қасри миллат баргузор шуд, аз ҷониби Русия вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари маъмурияти Президенти Русия Дмитрий Козак иштирок карданд.
Ин дипломату низомиёни баландпояи Русия барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон қарор доранд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот, ҳамчунин Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ҳузур доштаанд.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял Министра иностранных дел Сергея Лаврова, Министра обороны Сергея Шойгу и Дмитрия Козака
Эмомали Рахмон принял Министра иностранных дел Сергея Лаврова, Министра обороны Сергея Шойгу и Дмитрия Козака  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Эмомали Рахмон принял Министра иностранных дел Сергея Лаврова, Министра обороны Сергея Шойгу и Дмитрия Козака
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот ҳамаи ҷанбаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва низомию техникӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ таъкид намуд, ки вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварии нишаст буд.

"Дар ин зимн дар бораи вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, ҳамчунин таҳкими ҳимояи сарҳадот зарур шумурда шуд", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин ҷонибҳо масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардаанд.
Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар Душанбе бо ҳузури роҳбарони кишварҳои минтақа дар 16 - 17 сентябр дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала