Раҳмон ва Тоқаев вазъи сиёсию низомии Афғонистонро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Дар Душанбе мулоқоти раисони ҷумҳурҳои Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд, ки дар он мавзӯи калидӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъияти сиёсию низомии Афғонистон буд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Тоҷикистон омад, дидору гуфтугӯ кард.
Бинобар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуи мушкилоти минтақаию ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар зимни ин мулоқот аз сатҳи рӯ ба рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама бахшҳо изҳори ризоият намудааст.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Лавров: Ғанӣ даъватнома ба Душанберо гирифт, аммо вазъ тағйир ёфт
Гуфта шудааст, ки тарафҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

“Дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақаӣ — вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар муҳокима карда шуд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо ҳамтои қазоқаш бори дигар мавқеи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар таъкид намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала