Боздошти раиси як ширкати сохтмонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе

© PixabayКлючи от квартиры
Ключи от квартиры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Як зани 41-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба идораи милиса арз кардааст, ки мавриди фиреби як масъули ширкати сохтмонӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои ВУД, ин зан изҳор доштааст, ки мудири ширкати "Толсохтмон", марди 46-сола моҳи июли соли 2019 аз ӯ 11 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаст.
Автомашина марки BMW. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Пулро гирифту "BMW Х-7" - ро надод: қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин
Масъули ширкати сохтмонӣ ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ин зан ба ивази 11,6 ҳазор доллараш хонаи истиқоматие ба масоҳати 60 метри мураббаъ медиҳад.
"Инчунин, номбурда моҳи июли соли 2019 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҳамин роҳ ба боварии зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, 10 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқии пул, 9 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ин масъули ширкати сохтмонӣ ба ҷабрдидаҳо на маблағашонро баргардондааст, на хона додааст.
ВУД мегӯяд, феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала