Шарҳи Лавров дар бораи вазъи муҳоҷирони Афғонистон

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Вазири хориҷаи Русия дар бораи буҳрони муҳоҷират дар ҷаҳон ибрози назар кард
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия пас аз ҷаласаи муштараки мақомоти СААД, ки дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, дар суҳбат бо рӯзноманигорон аз иллатҳои афзоиши паноҳандагон дар ҷаҳон гуфт.

"Муҳоҷирон аз Афғонистон, Ироқ ва аз дигар кишварҳо ба хотире меоянд, ки ҳамкорони ғарбии мо онҳоро шӯронданд ва ҳоло ҳамин ҳамкорони ғарбии мо дар ин бора садо баланд мекунаду иқдоми Белорусро "ҷанги ҳибридӣ" меноманд.

Вай афзуд, Ғарб бояд дар масъалаи муҳоҷират "ором шавад".
Лавров ёдовар шуд, ки бори аввал мавзӯи муҳоҷирати ғайриқонунӣ пас аз амалиёти низомии ИМА дар Либиё матраҳ шуд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Лавров сабаби робитаи Русия бо "Толибон"* - ро шарҳ дод
Бояд гуфт, бо ба сари қудрат омадани "Толибон" (гурӯҳи мамануъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Афғонистон, пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин кишвар қисми зиёди мардум хостори тарки ин кишвар шуданд. Тибқи ҳисобҳои гуногун, шумораи паноҳандагони афғонистонӣ дар Покистон аз як миллион нафар бештар аст ва дар Эрон ҳам аз ним миллион нафар зиёд паноҳгоҳ ёфтааст.
Инчунин хабарҳое низ ҳастанд, ки дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оилаҳои зиёде ҷамъ шудаанд. Иттиҳоди Аврупо ва сафири Афғонистон мегӯянд, ҳудуди панҷ ҳазор паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала