Содир Ҷабборов вориди Душанбе шуд - акс

© Пресс-служба Президента Кыргызской РеспубликиПрезидент Садыр Жапаров прибыл с рабочим визитом в г. Душанбе
Президент Садыр Жапаров прибыл с рабочим визитом в г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Содир Ҷабборовро дар зинаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон истиқбол гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, Ҷабборовро дар Душанбе бо парчамҳои барафрохта, роҳрави сурху горди фахрӣ пешвоз гирифтанд.
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус ва ҳамтои қазоқистонияш, Қосим Ҷомарт Тоқаев аллакай дар Душанбе қарор доранду бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.
© Пресс-служба Президента Кыргызской РеспубликиПрезидент Садыр Жапаров прибыл с рабочим визитом в г. Душанбе
Президент Садыр Жапаров прибыл с рабочим визитом в г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Президент Садыр Жапаров прибыл с рабочим визитом в г. Душанбе
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки интизор мерафт, 15 сентябр вориди Душанбе шавад, ба далели рафтан ба қарантин сафараш ба Тоҷикистонро лағв кард.
Ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар Душанбе рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар аст.
Феълан СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, интизор меравад, ки имсол барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар ин нишаст тасмимгирӣ шавад.
Президент Беларуси Александр Лукашенко 15 сентября прилетел с рабочим визитом в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Мулоқоти Лукашенко бо Раҳмон дар Душанбе: Ду роҳбар чиро баррасӣ карданд?
ВУХ-и Тоҷикистон гуфта буд, ки дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Белорус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала