16 сентябр дар таърих: Зодрӯзи Низом Қосим ва пирӯзии Боқиев дар Бразилия

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 16 сентября
День 16 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Рӯзи шонздаҳуми сентябр Рӯзи байналмилалии ҳимояи қабати озон мебошад

Рӯзи 16-уми сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1940 дар ИМА барои мардони аз 21 то 35-сола Қонун дар бораи уҳдадориҳои умумиҳарбӣ қабул гашт.
Соли 1959 Президенти вақти Фаронса Шарл де Голл ба аҳолии Алҷазоир пешниҳод кард, ки барои ба даст овардани истиқлол аз Фаронса раъйпурсӣ баргузор намоянд.
Соли 1955 аввалин бор дар ҷаҳон аз киштии зериобӣ ракетаи низомӣ-баллистикӣ шиллик шуд.

Рӯзи 16 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2006 дар Тоҷикистон сохтмони хати интиқоли барқи "Ҷануб — шимол" оғоз шуд
Соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дзюдочии тоҷик Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон мақоми сеюм ба даст оварда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шаҳри Пекин роҳхат гирифт.
© SputnikРасул Боқиев
Расул Боқиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Расул Боқиев
Соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.
Соли 2015 дар кохи "Наврӯз"- и шаҳри Душанбе 5-умин Фестивали байналмилалии телевизионии "ТЭФИ-Содружество" баргузор гашт.
День 15 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Зодрӯзи Сафарбек Солиев ва Субҳони Саид: 15 сентябр дар таърих
Соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15-солагии таъсиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, суханронӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 сентябр

Рӯзи байналмилалии ҳимояи қабати озон.
Дар Мексика – Рӯзи истиқлол.
Дар Украина – Рӯзи кормандони соҳаи дорусозӣ.

Рӯзи 16 сентябр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шудаст?

Солҳои (1927 - 1997) - доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Искандаров.
Соли 1937 - зилзилашинос, академик Собит Неъматуллоев.
Соли 1945 - рӯзноманигор Боймамад Алибахшев
Соли 1953 - рӯзноманигор Козим Давронов
Соли 1958 - нависанда Низом Қосим
Лентаи хабарҳо
0