Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон: Ҳузуратонро дар Русия то 30 сентябр расмӣ кунед

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки ҳузурашонро дар ин кишвар то 30 сентябр қонунӣ кунанд, то ки аз Русия ихроҷ нашаванд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират дар як изҳороте таъкид доштааст, ки имрӯзҳо ҷараёни расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ дар Русия идома дорад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки расмикунонӣ дар қаламрави Русия то санаи 30 сентябри соли равон идома меёбад.
“Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи 30 сентябри соли 2021 метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубораи ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд” – таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, ҳамчунин имкон доранд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.
В миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Муҳоҷирон чӣ шикоят доштанд? боздиди дипломатҳои тоҷик аз боздоштгоҳи муваққатии Маскав
Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони Президенти Русия “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Русия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад.
Пас аз 30 сентябри соли равон шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия таъкид карданд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ барои расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба намояндагиҳои вазорати меҳнат дар минтақаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала