Имрон Хон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Ба “Толибон”* вақт диҳед

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Нахуствазири Покистон доштааст, ки ба “Толибон”* бояд вақт дода шавад, ки рафтори онҳо дида шавад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии CNN дар бораи “Толибон”* изҳор дошт: "Толибон акнун тамоми Афғонистонро дар ихтиёр доранд ва агар тавонанд ба самти давлати фарогир ҳаракат кунанд ва тамоми дастаҳои мухталифро гирдоваранд, Афғонистон метавонад баъд аз 40 сол ба сулҳ бирасад, аммо агар хуб пеш наравад авзоъ ба ошуб кашида мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Нахуствазири Покистон иддао дорад, ки “Толибон”* барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак мехоҳанд.
"Ҳич давлат дастнишондае дар Афғонистон мавриди ҳимояти мардум нест. Бинобарин ба ҷои ин ки ин ҷо бинишинем ва фикр кунем, метавонем онҳоро назорат кунем, бояд онҳоро ташвиқ кунем. Зеро Афғонистон, ин давлати кунунӣ ба вузуҳи асосӣ мекунад, ки бидуни кумак байналмилалӣ, наметавонанд ин буҳронро дар масири дуруст ҳидоят кунанд.", - гуфт оқои Имрон Хон.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Дархости "Толибон"* дар ҷиҳати озод кардани дороиҳои Афғонистон дар хориҷ
Ин дар ҳолест, ки нахуствазири Покистон ва раисҷумҳури Русия барои дувумин бор дар камтар аз 20 рӯзи гузашта ва ҳамзамон дар остнаи нишаст сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, ба сурати телефонӣ охирин таҳавулоти Афғонистону тақвияти равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Имрон Хон бо эъломи тааҳҳуди Покистон барои тавсияи беш аз пеш равобит бо Русия ва даъват аз русҳо барои сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои энержӣ ва маъодин гуфт: “ҳамоҳангӣ ва машваратҳои наздик миёни ду кишвар дар хусуси вазъияти Афғонистон аз аҳамияти бисёр болоӣ бархурдор аст”
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала