Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷабборов дар нишасти СААД мавзуи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Ҷабборов мегӯяд, СААД бояд ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳ кунад
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мавзуи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ кардааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар додаанд.
Вай аз кишварҳо даъват кардааст, ки ба танишҳо дар манотиқи марзии ду ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ кунанд.
Ҷабборов пешниҳод кард, ки СААД дар сурати ҳамлаи як кишвари узви созмон ба кишвари дигари узв нақшаи амал таҳия кунад.

"Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа президент пешниҳодҳои худ, аз ҷумла таҳияи механизмҳои вокуниши сареъ ва қабули қарорҳо дар дохили созмон дар сурати таҷовузи мусаллаҳонаи як кишвари узв ба давлати дигари узви СААД-ро ироа кард", - қайд кардааст дафтари матбуотии Ҷабборов.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба далели набудани аломатгузорӣ ва делимитатсияи марз баъзан шиддат мегирад.
Охирин муноқишаи шадид, ки дар пай хунрезӣ дошт, охири моҳи апрел дар наздикии нуқтаи обрасонии "Головной" рух дод.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини 40 км марз ба мувофиқа расиданд
Дар аввал задухӯрдҳо байни сокинони маҳаллӣ оғоз шуд, сипас сарҳадбонон ба задухӯрд ҳамроҳ шуданд. Пас аз он ҳарду кишвар ба овардани техникаи низомӣ ба сарҳад шуруъ карданд.
Ихтилоф бо роҳи гуфтушуниди мақомоти ҳарду ҷумҳурӣ ҳал шуд. Аз он лаҳза дар қаламрави байни ду ҷумҳурӣ борҳо тирпарронию боздоштҳо сурат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала