Халилзод: Фирори Ғанӣ интиқоли қудрат дар Кобулро хунсо кард

© REUTERS / Ibraheem al OmariАмеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением "Талибан" (запрещено в РФ) в Катаре
Амеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением Талибан (запрещено в РФ) в Катаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, фирори Ғанӣ аз Афғонистон гузариши сиёсӣ ва назорати Кобул аз ҷониби "Толибон"-ро* ноком кардааст.
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, қарори Ашраф Ғанӣ, ки дар мақоми президенти Афғонистон кор мекарду ҳангоми ҳамлаи "Толибон"* аз кишвар фирор кард, тавофуқи ҳосилшуда бо аъзои ин гурӯҳро, халалдор кард, хабар додааст, Sputnik Афғонистон.
Дар мусоҳибае бо "Financial Times" Халилзод гуфтааст, фирори Ғанӣ аз Афғонистон "мунҷар ба шикасти лаҳзаи охири тавофуқнома барои интиқоли қудрат бо "Толибон"* шуд".
Вай афзуд, ИМА дар ниҳоят бо "Толибон"* ба тавофуқ расид, ки нерӯҳои ин гурӯҳ вориди Кобул нашаванд, аммо тасмими Ғанӣ дар бораи тарк кардани Афғонистон халои амниятиро ба вуҷуд овард. Чунин вазъ, ба гуфтаи ӯ, "Толибон"-ро* маҷбур кард, ки худи ҳамон рӯз вориди Кобул шаванд. "Дар натиҷа беназмие дар зимни хуруҷи низомиёну мулкиён ва қатъи музокироти Доҳа ба амал омад",-гуфтааст ӯ.
Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон гуфт, фирори Ғанӣ боис шуд, то "Толибон"* ду ҳафта пеш вориди Кобул шаванд.
Саммит НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Столтенберг сабаби суқути низоми Афғонистонро изҳор дошт
Ба гуфтаи Халилзод, Иёлоти Муттаҳида масъули ин пешомад нест, ки онҳо (ҳукумати Афғонистон ва "Толибон"*) аз музокирот ақибнишинӣ карданд".
Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки Вашингтон аз фирори Ашраф Ғанӣ хабар надошт.
"Толибон"* пас аз эълони ИМА дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон амалиёти густурдаеро барои ғасби қудрат дар Афғонистон оғоз карда, вилоятҳоро яке пайи дигар бо ҷангу бе ҷанг зери идораи худ қарор доданд .
15 август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва аз ин кишвар фирор кард. "Толибон" (ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) бидуни ҷанг вориди Кобул шуд.
Низомиёни ИМА то авоили моҳи сентябр Афғонистонро комилан тарк карда, ҳузури қариб 20-солаи низомияшонро дар ин кишвар бо натиҷаи сифр хотима доданд.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала