Мулло Бародар: На кушта шудам, на латукӯб - видео

© AP / Hussein SayedМулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Муовини нахуст сарпарасти сарвазири давлати “Толибон”* дар Афғонистон хабарҳои латукӯб ва кушта шуданашро дар як навори видеоӣ такзиб кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали нахуствазири давлати ҷадиди “Толибон” дар як навори видеоӣ кушта шудани худро рад кард ва гуфт, ки ин таблиғи душман аст.
Мулло Бародар рӯзи чоршанбе гуфт, ки ин хабарҳоро гурӯҳҳои зидди “Толибон”* паҳну нашр кардаанд.
Ин мақомдори баландпояи “Толибон” ба хабарнигор роҷеъ ба ин хабар гуфт: "На, тамоми хабарҳо дурӯғ аст, солим ҳастам".
Дар ин навори мухтасари видеоӣ Бародар овозаҳо дар бораи ин ки сари ташкили ҳукумати нав дар Кобул бо гурӯҳҳои шӯришии дигар ихтилофе бархоста, боиси хушунат шудааст, рад кард.
Вай гуфт, ки ҳеҷ ихтилофи дохилӣ миёни ҷиноҳҳои “Толибон” вуҷуд надорад ва равобити онҳо бо дигар раҳбарони ин гурӯҳ хуб аст.
Ӯ гуфт, матбуот дар бораи вуҷуди ихтилофҳои дохилӣ навиштааст, “вале ин ҳақиқат надорад”.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар расонаҳо хабарҳое пайдо шуд, ки шӯё мулло Бародар яке аз мақомдорони баландпояи Афғонистон аз сӯи ҷиноҳи Ҳаққонӣ, ки ба гурӯҳи “толибон”* шомил ҳастанд, латукӯб шудаасту сипас кушта шудааст.
Бархе аз расонаҳо хубар дода буданд, ки дар натиҷаи як даъвое барои тақсими вазифаҳо миёни тарафдорони Бародар ва шабакаи Ҳаққонӣ тирандозӣ рух додааст. Гӯё дар ин моҷаро Бародар ҷароҳат бардоштааст.
Бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки оқои Бародар дар арг аз сӯи роҳбарони ҷиноҳи Ҳаққонӣ латукӯб шудаасту сипас ба тарафи Қандаҳор фирор кардааст.
Вале ахиран Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилии “Толибон” Сироҷиддин Ҳаққонӣ дар нашри як изҳороте вуҷуди ихтилофҳо дар миёни ин ду гурӯҳро рад кард.
Лентаи хабарҳо
0