Путин ба Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон сипос гуфт - навор

Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Кишвардори Русия Владимир Путин бинобар тамос доштан бо афроди гирифтори коронавирус сафарашро ба Тоҷикистон лағв кард. Ӯ аз тариқи онлайнӣ дар нишасти СААД суханронӣ карда, ба Раҳмону мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои мизбонӣ аз нишасти СААД ва СҲШ миннатдорӣ баён кард.
Чун роҳбари Русия бо ашхоси гирифтори коронавирус дар тамос буд, сафари ӯ ба Тоҷикистон ва иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ лағв шуд. Ҳамакнун ӯ аз тариқи интернет ба кори нишаст пайваст шудааст.
Президенти Русия қаблан ба аксар кишвардороне, ки дар ин нишаст иштирок мекунанд, тамос гирифт ва далели ҳузур наёфтани худро шарҳ дод. Ӯ дар суханронии онлайнияш низ изҳор дошт, ки давоми чанд рӯз бояд дар инзивоъ қарор дошта бошад.

"Мутаассифона, ман маҷбур будам, ки сафари худро ба Душанбе дар охирин лаҳза лағв кунам. Дар давоми чанд рӯз бояд дар инзивоъ бимонам", - тавзеҳ дод Путин.

Дар идома ӯ афзуд, ки Русия манфиатдор аст, дар масофаи дур ҳам бошад, вазифаҳои калидии ин созмонро баррасӣ кунад.
Бояд гуфт, дар Душанбе феълан ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ҷараён дорад.
Президент РФ Владимир Путин на заседании лидеров ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе оғоз шуд
Ҷаласаи СААД ва нишасти 20-умин солгарди СҲШ рӯзҳои 16 ва 17 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд.
Бинобар баргузории ин нишастҳои муҳим дар Душанбе тадобири шадиди амниятӣ рӯйи даст гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала