Раҳмон: Афғонистон ба маркази парвариши терроризм табдил меёбад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, вазъияти фалокатовар дар Афғонистон мустақиман ба минтақаи амнияти дастаҷамъии осиёи Марказӣ таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳушдор дод, ки баъди як -ду сол дар Афғонистон идеологияи ифротгароӣ афзоиш меёбад.
"Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба як маркази парвариши терроризми байналмилалӣ табдил меёбад"- бо нигаронӣ изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай таъкид кард, ки ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, баробарии гендериро ба назар намегирад.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки давоми ду-се соли оянда идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад.
Раҳмон таъкид кард, ки имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Сарвари Тоҷикистон афзуд, ки вазъи кунунӣ на танҳо мушкили мардуми Афғонистон, балки тамоми минтақа аст.
Лентаи хабарҳо
0