Раҳмон: СААД марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро тақвият медиҳад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон аз тақвияти захираҳои дифоӣ дар марзҳои СААД хабар дод
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба мавзуи мустаҳкам намудани мусаллахшавӣ дар заминаи шиддати вазъият дахл кард.
Иштирокдорони иҷлосия ба таҳкими марзҳои ҷанубии СААД розӣ шуданд, гуфт раҳбари Тоҷикистон.
"Иштирокдорони иҷлосия ба мувофиқа расиданд, ки марзҳои ҷанубии СААД -ро тақвият диҳанд ва идома додани нақша ва амалисозии маҷмӯи чораҳое, ки ба паст кардани сатҳ ва безарар сохтани таҳдидҳои эҳтимолӣ дар фазои созмон нигаронида шудаанд, идома диҳанд", - гуфт Раҳмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Раҳмон аз тақвияти нерӯҳои СПАД хабар дод
Ба эҳтимоли зиёд, сухан дар бораи таҳкими пойгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ё дар бораи тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон меравад.
Қаблан Раҳмон гуфта буд, ки кишварҳои СААД нақшаи муҷаҳҳаз кардани Нерӯҳои вокуниши сареъро қабул кардаанд.
Ба гуфтаи президент, ҳамаи ҳуҷҷатҳои калидӣ пас аз вохӯриҳо рӯзи 16 сентябр аз ҷониби шахсони масъули Созмон ба имзо мерасанд.
Лентаи хабарҳо
0