Раҳмон бо вазири Ҳинд вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаВстреча с Министром иностранных дел Индии Субрахманиамом Джайшанкаром
Встреча с Министром иностранных дел Индии Субрахманиамом Джайшанкаром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Масоили иқтисоду сиёсат, мубориза бо терроризм ва Афғонистон аз мавзуоти калидии мулоқоти президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон будааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард, хабар додааст котиботи президент.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Тоҷикистон аз сатҳи тамосҳои сиёсии кишварҳо ва эътимоди мутақобили ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Раҳмон ва Пашинян дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, муҳокима гардааст.
Ҳар ду ҷониб вобаста ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор карданд, афзудааст манбаъ.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0