Раҳмон: Ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон метавонад ҳаводиси 11 сентябрро такрор кунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Афғонистон боиси ҷанги шаҳрвандӣ мешавад ва ҳодисаҳои фоҷиабори монанд ба ҳамлаҳои террористии соли 2001-ро ба вуҷуд меорад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таваҷҷӯҳи раҳбарони ҷаҳонро ба вазъи воқеии Афғонистон ҷалб кард.
"Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори монанди ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад", - гуфт ӯ.
Роҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки Тоҷикистон ҳама гуна қонуншиканиҳо ва таъқибҳои мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад ва қайд кард, ки бо истифода аз холигии низомӣ-сиёсӣ нерӯҳои мухталифи террористӣ мавқеъҳои худро дар кишвари ҳамсоя фаъолона тақвият медиҳанд.
"Тибқи маълумоте, ки мо ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон мегирем, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, вазъ чанд маротиба бадтар аз он аст, ки дар расонаҳо нашр мешаванд. Мо инро дар мисоли Панҷшер ба таври ошкоро мебинем", - қайд кард Раҳмон.
Раисиҷумҳур гуфт, ҳоло Толибон дастрасии мардум ба ғизо ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро дар Панҷшер манъ кардаанд.
Страны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
СААД истифода аз терроризм барои ҳадафҳои шахсиро маҳкум кард
Илова бар ин, СММ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд.
Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори барқарор кардани сулҳи пойдор дар марз бо Афғонистон аст.
"Мо мутмаинем, ки мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад", - хулоса кард раҳбари Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала