Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА бадтар шуд

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии футбол мавқеяшро тағйир дод ва ду зина ақиб рафтааст
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Бар пояи ин радабандӣ, ки дар сомонаи ташкилот нашр шуд, Тоҷикистон миёни 210 кишвари ҷаҳон дар мақоми 118 нишастааст. Дар раддабандии гузашта мунтахаби кишвар дар ҷойи 116 буд.
Тибқи нишондоди ФИФА яккачини Тоҷикистон бо 1157.77 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст.
Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1832.33 имтиёз пешсаф аст.
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
"Истиқлол", ки аз тими Эрон шикаст хӯрд, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд
Зинаи дуюмро Бразилия (1811.73) ва сеюмро Англия (1754.31) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Фаронса дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Италия, Аргентина, Испания, Португалия, Мексика ва Дания ворид шуданд.
Аз дастаҳои осиёӣ Эрон пешсаф аст, ки бо 1538.08 имтиёз дар зинаи 22-ум ҷой гирифтааст.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала