Тормози "Хова" хароб шуд: ВКД ҷузъиёти бархӯрди 7 мошин дар роҳи Варзобро шарҳ дод

CC0 / Jan2575 / pixabay / Сгоревшая машина
Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Бар асари бархӯрди 7 мошин дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ду нафар ҳалок шуда, 6 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ахиран Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи маргбори нақлиётии 7 автомашина дар роҳи Варзобро шарҳ дод. Ҳарчанд қаблан дар мавриди бархӯрди 10 автомашина гузориш шуда буд, аммо ахиран ВУД гуфт, он ҷо ҳафт мошин ба ҳам бархӯрданд.
Бинобар иттилои ин ниҳод, садама пас аз он сар зад, ки мошини боркаши тамғаи "Хова", таҳти идораи ронандаи 29 - сола, сокини ноҳияи Муъминобод нуқси техникӣ пайдо кардааст.

"Тормози мошин аз кор баромад", - омадааст дар хабар.

Зимнан мошини боркаш якбора ба 7 мошини дигари дар ҳоли ҳаракат бархӯрд, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Рунес" ва мусофири 47 - солаи автомашинаи "Опел-Зефира, сокини ноҳияи Айнӣ ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Кушта шудани ду нафар дар пайи бархӯрди 10 мошин дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - видео
Манбаъ меафзояд, ҳамчунин 6 мусофири дигар, ки сокинони Хуҷанду Панҷакент ва Ҳисору Суғд буданд, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Феълан тафтишоти ин ҳодиса ба анҷом нарасидааст ва ниҳодҳои марбута дар ин хусус корро идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала