Захарова: Ғарб бидуни Русия дар ҳалли фоҷеаи Афғонистон дасткӯтоҳ аст

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузаштан ба хазинаи аксОфициальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Вазорати умури хориҷии Русия вазъи феълии Афғонистонро як фалокати бузург номид
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия дар суҳбат бо Шабакаи аввали телеизионӣ гуфт, ки Ғарб бидуни кумаки Русия наметавонад ба ҳалли фоҷеаи Афғонистон расидагӣ кунад.
“Онҳо дарк мекунанд, ки бидуни Русия бо ин фоҷеаи азим наметавон коре кард. Ин мушкил нест балки фоҷеаи густарда аст, ки дар ҷиҳати ҳаллӣ он коре карда наметавонанд”, - таъкид кард Захарова.
Вазъи низомию сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар шиддат гирифт. Хусусан задухӯрди шадид миёни артиши Афғонистон ва ҷангҷӯён “Толибон” (гурӯҳи маманӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.
Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз ишғоли шаҳри Кобул аз сӯи ҷангҷӯёни “Толибон”, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон истеъфо ва кишварро тарк кард.
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷабҳаи миллӣ Ишкошимро аз тасарруфи "Толибон"* озод кард
Ду ҳафтаи охирини моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, хориҷи шаҳрвандони ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ тариқи фурудгоҳи Кобул комилан Афғонистонро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар ин кишвар анҷом ёфт.
Дар авоили моҳи сентябр “Толибон” эълон карданд, ки бо ҷангҳо охирин вилояти Афғонистон Панҷшер таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала